Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мӯсо Абумарзуқ-узви дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос дар гуфтугу бо пойгоҳи хабарии Аларабия Алҷадид бо маҳкум кардани иқдоми Баҳрайн дар ифтитоҳи сафорати режими саҳюнистӣ дар Манома изҳор кард ин иқдом ба ояндаву амнияти Баҳрайн осеб хоҳад зад.
Мӯсо Абумарзуқ бо таъкид бар инки муқовимат то нобудӣ ва берун рондани ишғолгарони саҳюнист аз хоки Фаластин, Лубнон ва Сурия ва решакан кардани ин ғуддаи саратонӣ идома дорад, афзуд:Ҳеҷ кишваре дар минтақа вуҷуд надорад магари инки ба сурати мустақим ва ё ғайримустақим аз режими саҳюнистӣ осеб дидааст .
342/